анор — [انار] 1. номи дарахти мевадори маълум, ки дар мамлакатҳои гарм мерӯяд 2. меваи ин дарахт мазаи ширину турш дошта, пур аз донаҳои сурхи обдор аст; мисли анор ба ранги анор сурх, сурхранг; чун анори фушурда он ки мағзаш рафта, пӯсташ мондааст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
афшура — [افشوره] 1. оби мева ва наботот, ки фушурда мегиранд, шарбат, шира: афшураи ангат 2. туфола, усора … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гиро — [گيرا] 1. гиранда; чизеро сахт гиранда, маҳкам доранда; дасти гиро сахтгиранда; дасти пурзӯр 2. асбоби оҳанинест дар оҳангарӣ барои фушурда нигоҳ доштани чизҳои дигар (мас., дар вақти сӯҳонкорӣ) 3. қапқон, дом … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғунча — [غنچه] гули ҳанӯз кушоданашуда, гули ношукуфта, пунбаки гул: ғунчаи гул, ғунчаи нимшукуфта, ғунчаи ношукуфта; ба таври истиора ва киноя: ғунчаи бахти касе хандидан, ғунчаи меҳре шукуфтан, ғунчаи ум(м)ед ба рӯи касе хандон кардан, эй ғунчаи ишқ,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дастафшор — [دست افشار] кит. мевае, ки бо даст фушурда, обашро мегиранд ◊ тиллои дастафшор зари холис … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чархушт — [چرخشت] зарф ё ҳавзи махсусе, ки дар он ангурро фушурда обашро мегиранд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ